LIVE

Нокомии мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд

Мунатахабҳои футболи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи Локомотиви шаҳри Тошканд бозии рафиқонаи байналмилалии худро баргузор намуданд. Дар дақиқаи 33-юми бозӣ бозигари тими миллии Ӯзбекистон Шаҳзод Убайдуллоев тӯбро вориди тӯро  дарвозаи тими милии Тоҷикистон сохт. Бо ҳамин як голи мизбонон пайти аввали дидори рафиқона ба анҷом расид. Дар дақиқаҳои аввали қисмати дуюми бозӣ ба футболбозони мунтахаби Тоҷикистон имкон даст дод, ки голи ҷавобиро зананд. Муаллифи  зарбаи ҳадафрас, Зоир Ҷурабоев гардид. Дар дақиқаи 67-уми рақобат, футболбози тими миллии Тоҷикистон дар ҷаримагоҳи худ ба қойдаситезӣ даст зададанж, ки довари марказ зарбаи ҷаримавии 11 метра тайн намуд. Аз имконияти мусоиди голзанӣ, капитани тими миллии Ӯзбекистон Мурод Холмаҳмадов самаранок истифода бурда, тӯбро бори дуюм дар ин рақобат вориди тӯри дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев намуда, ҳисобро 2 бар 1 сохт. Бо ҳамин натиҷа дидори рафиқонаи милипӯшони ин ду ҳамсоякишвар ба анҷом расид.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив