LIVE

Шикасти мунтахаби U19-и Тоҷикистон аз ҳамсолони ӯзбеки худ

Мунтахабҳои футболи зери 19 солаи Тоҷикистону Ӯзбекистон бозии рафиқонаи худро дар варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолияти шаҳри Хуҷанд баргузор намуданд. Қисмати аввали бозӣ бидуни задани гол ба анҷом расид. Баъд аз танаффус ҳарчанд футболбозони ҷавони мо бартарӣ нишон доданд, аммо ҳамсолонашон ба задани гол даст ёфтанд. Дар дақиқаи  53-юми вохӯрӣ партофт аз канори майдонро футболбози мунтахаби 19 солаи Ӯзбекистон - Улуғбек Ҳошимов тавасути зарбаи сар ба гол табдил дода, тими миллии кишварашро ба пеш баровард.  Дар ҷавоб ба ин иштибоҳи худ, футболбозони мунтахаби 19 солаи кишвари мо ба задани гол даст ёфтанд, аммо доварон бо илати нобозӣ ин голро ба инобат нагирифтанд. Ҳаминтавр рақобати рафиқонаи дастаҳои футболи то 19 солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 0 бар 1 ба суди меҳмонон ба анҷом расид.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив