LIVE

Пирӯзии бузурги мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Ӯзбекистон

Бозии аввали дӯстонаи мунтахабҳои то 16 солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 21-уми июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар ин бозии ҷолибу шавқовар футболбозони кишвар ҳамтоёни ӯзбеки худро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст доданд. Фардо рӯзи якшанбе мунтахаби наврасони кишвар бозии дуюми рафиқонаи хешро бар муқобили Ӯзбекистон баргузор мекунанд. Дидори мазкур дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд соати 17:30 баргузор мешавад. Даромад ба варзишгоҳ роёгон аст.
Бозии дӯстона
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ӯзбекистон (U-16) – 4:0
Голҳо: Сунатулло Азизов, 31 (1:0). Абдулфатоҳи Худойдодзода, 39 (2:0). Фахриддин Аҳтамов, 67 (3:0). Кабир Салимшоев, 81 (4:0).
ТОҶИКИСТОН (U-16): Сафармад Гафоров (Суҳробхуҷа Юсупов, 77), Раҳматшо Раҳматзода (Асадбек Содиков, 72), Хуқмиддин Шомуродов, Меҳрубони Абдурауф (Фахриддин Аҳтамов, 56), Шаҳриёри Иноятулло (Муҷовид Шовайсиддинов, 58), Қурбоналӣ Муродов (Амирҷони Фаррухзод, 56), Алиҷони Айни, Аббос Андалебов (Рӯзимухаммад Абдураҳмонов, 58), Кабир Салимшоев, Абдулфатоҳи Худойдодзода (Нурсултон Норбойзода, 72), Сунатулло Азизов (Меҳрубон Каримов, 58).
Ӯзбекистан (U-16): Самандар Ҷурабеков (Бекнур Пармонов, 46), Вазген Погосян, Бомур Муйдинов, Кирилл Тодоров (Пулат Ҷумахонов, 65), Тоҳир Тухтасунов (Асадбек Бегларханов, 62), Муҳриддин Позлидинов (Азизҷон Тошкенбаев, 46), Абдуқадир Ҳусанов (Шаҳзод Акрамов, 46), Ҷасур Убайдуллаев (Мақсуд Аллохоҷаев, 36), Рустам Турдимуродов, Алишер Хайруллаев (Нодир Абдуразоқов, 65), Аблоёр Раҳматов (Риан Исламов, 46).   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив