Дар бозии якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо бошгоҳи “Тоттенхэм Хотспур” дар майдони худ тими “Лейптсиг”-и Олмонро пазируфт. Муаллифи голи ягонаи ин вохӯрӣ - Тимо Вернер гардид. Вернер дар дақиқаи 58-ум тӯбро аз зарбаи ҷаримавии 11 метра бо муввафаққият вориди тӯри мизбонон сохт. Бозии ҷавобии дастаҳо 10-уми март дар “Лейптсиг” доир мешавад.