LIVE

Вернер аз пушти «Ливерпул» ба «Реал» нарафт

 Садрнишини чемпионати Англия - «Ливерпул» ба ҳамлагари тими «Лейптсиг» - Тимо Вернер таваҷҷуҳ дорад.  Ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ сармураббии даста - Юрген Клопп барвақт футболбози 23 солаи олмониро дар Англия интизор аст. Аммо роҳбарияти клуб ба мураббии худ ҷалби Вернерро тобистон ваъда додаанд. Ин футболбози ҷавон имкон дошт, ки тобистони соли гузашта бозигари «Ливерпул» гардад, аммо ӯ бо тими олмонии худ то соли 2023 шартномаашро тамдид сохт, ки гузаришашро ба дастаи дигар боз ҳам мушкилтар намуд. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дастаҳои «Реал» ва «МЮ» барои ин ҳамлагар 80 миллион евро пешниҳод карданд, вале «Лейптсиг» аз ин гуфтушунид даст кашид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив