LIVE

6 голи “Истиқлол” ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ”

Баъд аз таваққуф бозиҳои даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуданд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо тими “Истиклол”-и Душанбе рақобат намуд. Дар дақиқаи 28-уми бозӣ ниммуҳофизатгари “Истиклол”- Эҳсони Панҷшанбе тӯбро вориди тӯри дарвозаи рақибон сохт ва ҳисоб кушода шуд. Бо гузора шудани 7 дақиқаи дигар ҳамлагар - Шериддин Бобоев бо зарбаи ҳадафраси хеш бори дуюм хати дарвозаи “Регар-ТадАЗ”-ро рахна карда, ҳисобро дуболо сохт. Дар қисми дуюми рақобат футболбозони “Регар-ТадАЗ” ба задани як голи ҷавобӣ даст ёфтанд. Оятулло Сафаров муаллифи зарбаи натиҷаовар гардид. Аммо баъд аз задани гол хати дифои “Регар-ТадАЗ” дучори мушкилии ҷиддӣ шуд, зеро бо гузашти як дақиқа сарвони “Истиқлол” - Алишер Ҷалилов маротибаи сеюм дар ин дидор хати дарвозаи турсунзодагиҳоро рахна сохт. Ҳамлагари туркмании “Истиқлол” - Ваҳит Оразсахедов низ дар дақиқаи 76-уми бозӣ исми худро дар феҳристи нафарони голзада сабт сохт. Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 79-уми бозӣ голи навбатии дастаи душанбегиро ба самар расонид. Дар дақиқаҳои охири бозӣ ҳамлагари ҷавони “Истиқлол” - Рустам Соиров дарвозабони тими “Регар-ТадАЗ”-ро маҷбур сохт то бори шашум тӯбро аз дохили тӯри дарвозааш берун барорад. 
Бозии дербии Суғд - “Истаравшан”  ва “Хуҷанд” низ ба анҷом расид. “Истаравшан”  бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд. Дидори тимҳои “КМВА – Помир” ва “Фаизканд” бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хатм шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив