Дар даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои “Файзканд” ва “Регар ТадАЗ” байни ҳам рақобат карданд. Голи аввалро соҳибони майдон дар дақиқаи 5 - уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ ба самар расониданд. Муаллифи гол - Сайёди Ковусшо гардид. “Регар ТадАЗ” дар дақиқаи иловакардаи қисми аввали дидор бо зарбаи Ҳоҷиакбар Узоқов таносубро баробар сохт. Дар қисми дуюми рақобат меҳмононро Сардорбек Эминов ба пеш баровард. Дар идомаи бозӣ аз ҳайати “Файзканд” Далер Тухтасунов (79) ва Вайсиддин Сафаров (85) голзанӣ намуда, ғалабаи аввалини тими футболи ноҳияи Восеъро таъмин сохтанд.