LIVE

“Лестер” бо айби Варди мувоҷеҳи шикаст шуд

Дар даври 23-юми Премйер лигаи Англи “Бёрнли” дар майдонаш бар тими “Лестер” бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфт. Харви Барнс меҳмононро бо голи задаи хеш дар қисми аввал ба пеш баровард. Аммо дар қисми дуюми бозӣ Крис Вуд таносубро баробар сохт. Дар дақиқаи 68-уми рақобат довар ҷониби дарвозаи “Бёрнли” пиналтӣ таъин намуд. Зарбаи ҷаримавии 11 метраро Ҷейми Варди зада натавонист. Голи пирӯзиовари дидорро Эшли Вествуд ба дарвозаи “Лестер” зад. Ин дуюмин бохти пай дар ҳами шогирдони Брендан Роҷерс дар чемпионати Анлия маҳсуб мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив