LIVE

Идомаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон

Дар Гулистони вилояти Суғд мусобиқаи анъанавии пеш аз мавсим барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон идома дорад. Аллакай бозиҳои ду даври мусобиқа баргузор шуданд.
Дар гурӯҳи «А» дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо 6 имтиёз пешсаф аст. "Кӯктош” дар даври якум бар «Душанбе-83» (1:0) ва дар даври дуюм бар «Регар-ТадАЗ» (3:2) пирӯз гашт. Дар бозиҳои дигар ин гурӯҳ «Хатлон» бар «Регар-ТадАЗ» (2:1) дастболо шуд, аммо шогирдони Аслиддин Ҳабибуллоев аз дасти «Душанбе-83» (0:1) мағлуб гаштанд.
Дар гурӯҳи «Б» ҳамагӣ як бозӣ доир шуд. Дебютанти Лигаи олӣ «Файзканд»-и Восеъ бар ҳайати ҷавонони “Истиқлол” бо ҳисоби калони 9:3 дастболо шуд.
Дар гурӯҳи «В» бошад, ҳайати ҷавонони «Хуҷанд» дар даври якум аз КМВА-и Душанбе бо ҳисоби 0:6 ва дар даври дуюм аз «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Мувофиқи низомномаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ду даста аз гурӯҳи “А” ва дастаҳои ғолиби гурӯҳҳои “Б” ва “В” ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.
Ҳадафи асосӣ аз баргузории Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи Лигаи олии кишвар ба мавсими нав мебошад. Тамоми харҷҳо вобаста ба ташкилу баргузории мусобиқа, аз ҷумла ҷои хоб ва хӯрокворӣ, иҷораи майдонҳо ва мукофотонии ғолибону ҷоизадорон аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт мешаванд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 0:1
«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1
 
Даври 2-юм
«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:0

    Б  Ғ  М  Б    Т  И
1«Кӯктош»  2  2  0  0   4-2  6
2«Хатлон»  2  1  0  1  2-2  3
3«Душанбе-83»  2  1  0  1  1-1  3
4«Регар-ТадАЗ»  2  0  0  2  3-5  0
 
Гурӯҳи «Б»
Даври 2-юм
«Файзканд» – «Истиқлол» – 9:3
    Б  Ғ  М  Б   Т  И
1«Файзканд»  1  1  0  0  9-3  3
2«Истаравшан»  0  0  0  0  0-0  0
3«Истиқлол»  1  0  0  1  3-9  0
 
Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
«Хуҷанд» – КМВА – 0:6
 
Даври 2-юм
«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд» – 1:0
    Б  Ғ  М  Б   Т  И
1КМВА  1  1  0  0  6-0  3
2«Локомотив-Помир»  1  1  0  0  1-0  3
3«Хуҷанд»  2  0  0  2 0-7  0
 
Даври 3-юм
14 март (шанбе)
10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83». Варзишгоҳи «Баҳористон»
10:30 – «Истаравшан» – «Файзканд». Варзишгоҳи Бонки миллӣ
14:30 – «Хатлон» – «Кӯктош». Варзишгоҳи «Баҳористон»
14:30 – КМВА – «Локомотив-Помир». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив