LIVE

Оғози мавсими футбол дар Тоҷикистон

5-уми апрел 29-умин Чемпионати Тоҷикистон байни бошгоҳҳои Лигаи олӣ расман оғоз шуд. Дар ин рӯз якбора се дидор баргузор гардид. Дар даври якум «Локомотив-Помир» бо «Файзканд», «Хатлон» бо «Истаравшан» ва «Куктош» бо «Регар-ТадАЗ» неру санҷиданд.
Рақобат байни тимҳои «Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2 ва «Куктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0 бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфтанд. Дар дидори дигар бошад, «Хатлон» бар тими «Истаравшан» бо натиҷаи 2:1 дастболо шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2
Голҳо: Рустамов Н 49, Сулаймонов Ш 55, Ҳасанов А 71, Зарипов 72.
«Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1.
Голҳо: Илҳом Баротов 10, Парвиз Баки-Ахунов 53, Эҳсон Бобоев 90+4.
«Куктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив