LIVE

Натиҷаи бозиҳои даври 16-уми Лигаи олӣ

Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. 21 сентябр дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар тими “Панҷшер” бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, бозии КМВА “Помир” бо “Кӯктош” мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Нобарории “Куктош” сабаб шуд, ки “Хатлон” бо 22 хол аз 16 бозӣ ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат барояд. 22 сентябр бошад, “Истиқлол” дар майдони худ ба дарвозаи тими “Истаравшан” 2 голи беҷавоб зад. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дар бозии дигар “Хуҷанд” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Турсуналӣ Рустамов ба номаш сабт кард.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум
«Истиқлол» – «Истаравшан» – 2:0
Голҳо: Шериддин Бобоев, 57 (1:0). Ахтам Назаров, 78 – с пенальти (2:0).
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0
Гол: Турсунали Рустамов, 50.
КМВА «Помир» – «Кӯктош» – 1:1 
Голҳо: Азизбек Султонов, 25 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 73 (1:1).
«Хатлон» – «Панҷшер» – 4:0 
Голҳо: Абдухалил Боронов, 14 (1:0). Парвиз Ахунов, 35 (2:0). Абдухалил Боронов, 51 (3:0). Умарҷон Шарипов, 69 (4:0).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив