LIVE

«Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2019

Имрӯз, ду бозии ҷавобии даври ½ ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Ҳулбук» - «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» баргузор шуд. Дастаи “Истиқлол” аз натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 6:1 пирӯз шуда, роҳхати даври ниҳоиро соҳиб шуд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, бозии аввал байни тимҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Дар бозии ҷавобӣ низ дастаҳо ба дарвозаи якдигар як голӣ ворид намуданд, ки довари бозӣ маҷбур шуд, то силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра таъйин кунад. Дар силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра футболбозони «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 4:3 зафар ёфта, ба финали ин мусобиқа роҳ ёфтанд. Акнун дар финал “Истиқлол” бо “Регар-ТадАЗ” рӯ ба рӯ мешавад.
Ҷоми Тоҷикистон. Даври 1/2 ниҳоӣ. Бозии ҷавобӣ.
«Ҳулбук» - «Истиқлол» - 1:1
Голҳо: Насим Маҳмадқулов, 39 (1:0). Комрон
Бозии аввал – 0:5
 
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 1:1. Аз пеналти – 4:3.
Голҳо: Дилшод Бозоров, 21 (0:1). Нозим Бобоҷонов 25' (1:1).
Бозии аввал – 1:1

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив