LIVE

Илҳом Баротов қаҳрамони дидори “Истаравшан” ва “Регар-ТадАЗ”

Дар рақобати дигари даври 16-ум дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро қабул намуд. Вохӯрии мазкур бо ҳисоби калони 4 бар 0 ба суди соҳибони майдон хатм шуд. Илҳом Баротов  дар дақиқаи 22-юми рақобат ҳисобро боз кард. Капитани “Истаравшан” Илҳом Баротов имкон дошт, ки як голи дигарро тавассути пеналӣ ба самар расонад, аммо ӯ зарбаро ба гол табдил дода натавонист.  Баротов дар ин рақобат  се маротиб ба задани гол даст ёфта, дар ҳисобаш хет-трик сабт сохт. Ҳамин тариқ Илҳом Баротов шумораи голҳояшро дар мавсим ба 13 адад расонид. Ба бозии мазкур бозингари дигари “Истаравшан” Абдураҳмон Қурбонов дар дақиқаи 85-ум нуқта гузошт. Доробҷон Эргашев аз дастаи “Регар-ТадАЗ” дар дақиқаи 86-ум бо гирифтани корти сурх майдонро тарк гуфт. Бозии дастаҳои “Файзканд” ва “Душанбе-83” бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив