LIVE

Ғалабаи мушкили "Истаравшан"

Дастаи "Истарвшан" дар вохӯрии мавқуфмондаи даври 9-ум тими "Регар ТадАЗ"-ро дучори бохт кард. Ин вохӯрӣ имрӯз дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ҷамъбаст гардид. Дар дақиқаи 20-уми рақобат Қаҳрамон Ҳомидов ҳисобро боз кард. Вале дар дақиқаи 42-уюми вохӯрӣ ҳамлагари эронии дастаи меҳмонон Акбар Шелдорӣ ҳисобро баробар намуд. Соҳибони майдон дар дақиқаи 43-уюм боз ба пеш баромаданд. Ба ҳамин тартиб "Истаравшан" бо 11 хол мавқеи худро дар зинаи шашуми ҷадвал мустақкам кард.

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 9-ум

 «Истаравшан»  -  «Регар ТадАЗ» - 2:1

Голҳо: Қаҳрамон Ҳомидов, 20 (1:0). Акбари Шелдорӣ, 42 (1:1). Насим Расулов, 43 (2:1). 

Истаравшан, варзишгоҳи "Истаравшан"

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив