LIVE

Аввалин ғалабаи "Истаравшан" дар чемпионати кишвар

Дар даври 7-уми Чемпионати кишвар дастаи “Истаравшан” дар майдони худ тими “Локомотив Помир”-ро қабул намуд. Қисми аввали бозӣ бидуни гол ба анҷом расид. Дар дақиқаи 53-юм футболбозони мизбон бо истифода аз як ҳолати хуби голзанӣ ба кушодани ҳисоб даст ёфтанд. Ҳаққи муаллифии онро сарводи дастаи “Истаравшан” Илҳом Баротов ба номи худ муҳр зад. Барои Илҳом Баротов ин 4-умин гол дар мавсим ба шумор меравад. Ин зарбаи ҳадафрас аввалин голи вохӯрии мазкур нагардид, зеро футболбозони истаравшанӣ дар дақиқаҳои охири рақобат ба задани боз як голи дигар даст ёфтанд. 
Дастаи “Хатлон” бошад, бозиашро бо “Файзканд” мусовӣ 1 бар 1 намуд. 
Бозии дастаҳои футболи "Куктош" ва КМВАбидуни гол хатм шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив