LIVE

“Локомотив Помир” бар тими "Куктош" зафар ёфт

Дастаи “Локомотив Помир” дар бозии даври 14-уми  мусобиқоти Лигаи олии футболи кишвар бар дастаи Куктош ғалаба ба даст овард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи н. Рӯдакӣ баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди “Локомотив Помир” ба анҷом расид.  Ҳисобро дар дақиқаи  33-юм бозигари “Куктош” - Муҳиддин Одилов боз кард. 3 дақиқа пас  Ҷонибек Шарифов  таносубро барқарор сохт.   Бо ҳамин ҳисоб дастаҳо ба танаффус баромаданд. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ Ислом Зоиров муаллифи голи ғалабаовар гардид. Ин пирӯзӣ ба “Локомотив Помир” имкон дод, ки минтақаи хатарноки ҷадвалро тарк намуда, аз зинаи 10-ум ба мақоми 8-ум барояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив