LIVE

Аввалин ғалабаи "КМВА" дар мавсим

"КМВА" дар даври сеюми Лигаи олӣ бо тими "Локомотив-Помир" бозӣ кард. Рақобатро футболбозони КМВА хуб оғоз карда, дар дақиқаи 6-ум бо голи задаи Шодибек Ғаффоров пешсаф шуданд. Голи дуюми дастаро бошад, Дилшод Восиев ба самар расонд. Ислом Зоиров бо голи задаи худ "Локомотив"-ро ба бозӣ баргардонид, аммо пас аз як иштибоҳ Нодирбек Ибрагимов ҳисобро 3-1 намуд. Бо ҳамин КМВА аввалин ғалабаи худро ба даст овард ва "Локомотив-Помир" бошад, бори аввал мағлуб гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив