LIVE

"Барселона" маоши Мессиро қайчӣ мекунад

Ҳамлагари "Барселона" Лионел Месси рӯзҳое, ки ба тамринҳо ҳозир намешавад, маош низ намегирад. Баъд аз он, ки футболбози аргентинӣ аз ташхиси тиббӣ ва иштирок дар ҷамъомади таълимии пеш аз мавсим ҳозир нашуд, роҳбари бошгоҳ чунин қарор баровард. Аз ин пас ҳар як рӯзи наомадани Месси ба тамрин ё ба қароргоҳ боис ба маҳрумияташ аз мухди маош мегардад.  Мессии 33-сола аз соли 2003 дар дастаи "Барселона" бозӣ мекунад. Ҳамлагар даҳ маротиба қаҳрамони Испания шудааст ва чаҳор маротиба Лигаи чемпионҳоро ба даст овардааст. Дар давоми фаъолияти варзишии худ, ки ҳамеша дар ҳайати  бошгоҳи катлонӣ  баромад кардааст, 6 маротиба “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив