LIVE

«Бавария» бори 11-ум ба финали Лигаи Чемпионҳо баромад

Дар бозии дуюми даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои «Бавария»-и Олмон ва «Лион»-и Фаронса барои дарёфти роҳхати даври финалӣ талош варзиданд. Дар ин дидор бошгоҳи шаҳри Мюнхен бо 3 голи беҷавоб ғалаба ба даст оварда, ҳамакнун дар бозии асосӣ барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ бо дастаи дигари фаронсавӣ  ПСЖ рақобат мекунад. Ҳарчанд дар нафасҳои нахустини вохӯрӣ бозигарони дастаи “Лион” имкони хуби кушодадани ҳисобро доштанд, аммо Мемфис Депай ҳолати як ба якро истифода карда натавонист. Чунин ҳолатҳои мусоиди голзанӣ дар ҷараёни рақобат зиёд буданд. Бахусус қабл аз сар додани гол шогирдони Руди Гарсия аввалин шуда, бояд гол мезаданд, аммо тӯб ба сутуни дарвоза бархурд.  Ҳисоб дар дақиқаи 18-уми бозӣ кушода шуд. Серж Гнабри бо истифода аз маҳорати олии зарбазании худ кунчи болоии дарвозаи рақибонро нишон гирифт ва иштибоҳ накард. Дар дақиқаи 33-юми вохӯрӣ бошгоҳи олмонӣ шумораи голҳои худро дуболо сохт. Як ҳуҷуми барқосои мюнхениҳо боис барон шуд, ки Серж Гнабри тӯбро ба дарвозаи “Лион” ворид сохата, тубро марбути номи худ созад. Дар дақиқаи 88-уми бозӣ ҳамлагари “Бавария” - Роберт Левандовски тавассути зарбаи сар бори сеюм ба дарвозаи “Лион” голзанӣ намуд. Ёдовар мешавем, ки нишонзани мунтахаби Полша голи 15-уми худро дар Лигаи Чемпионҳо ба самар расонид. Баъд аз ин ғалаба бошгоҳи мюнхенӣ маротибаи 11-ум дар таърихи мавҷудияти хеш, ба финали Лигаи Чемпионҳо баромад. “Бавария” се мароитба пайҳам дар солҳои  1974, 1975 ва 1976 ғолиби ин мусобиқа гаштааст. Дар маҷмуъ ин тими футбол 5 маротиба дар финал ғалаба ба даст оардааст, ки бори охир соли 2013 буд. Бозии ниҳоӣ миёни «Бавария» ва «Пари Сен-Жермен» рӯзи 23-юми Август дар варзишгоҳи  «Да Луш» -и шаҳри Лиссабон баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив