LIVE

"Лион" "Ман Сити"-ро ба хона гусел кард

Бозии охирини даври 1/4 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни "Манчестер Сити" ва "Лион" баргузор шуд, ки натиҷааш ғайри чашмдошт гардид. Бозӣ дар варзишгоҳи «Жозе Алваладе»-и шаҳри Лиссабон сурат гирифта, бо ҳисоби  3:1 ба фойдаи бошгоҳи фаронсавӣ ба анҷом расид. Дар миёнаи қисми аввал  форварди «Лиона» Максвелл Корне ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 69-уми бозӣ  Кевин Де Брюйне голи ҷавобиро зад.  Дар дақиқаи 79-уми рақобат футболбози "Лион" - Мусса Дембеле баъд аз курсии бозигарони захиравӣ ба майдон баромадан, голзанӣ намуду дастааш ба пеш баромад. Бо гузаши 8 дақиқаи дигар ҳамлавари фаронсавӣ голи дуюми худро зада, дубл кард. "Лион" ба даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо баромад ва "Ман Сити" бошад, ин мавсим низ ба натиҷаи дилхоҳ даст наёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив