LIVE

Энрике Сетйен аз мансабаш барканор шуд

Президенти “Барселона” - Хосеп Бартомеу аз кор рафтани сармураббии даста  Энрике Сетйенро тавассути радиои COPE тасдиқ кард. 
Тибқи иттилои манбаъ, мураббии собиқи “Тоттенхэм” - Маурисио Почеттино, сармураббии тими миллии Нидерландия Роналд Куман ва капитани собиқи “Барселона” - Хави, ки роҳбарии  “Ал Садд”-ро ба уҳда дорад, дар рӯйхати номзадҳо ба ҷои Сетян маҳсуб мешаванд.
Хабар дода мешавад, ки на танҳо Сетйен, балки  директори варзишии даста - Эрик Абидал низ курсии худро аз даст медиҳад. Абидал метавонад аз кор ронда шавад, зеро ӯ ҳатто пас аз мағлубият бо ҳисоби (8: 2) дар бозии ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар зидди “Бавария”, мураббиро дастгирӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив