LIVE

«Ювентус» ба худ монанд нест

«Ювентус» зери роҳбарии Маурисио Сари дар охири мавсим дучори мушкилиҳои зиёд мегардад. Дастаи туринӣ имкони хуб дорад, ки  бори нуҳум пайдарҳам қаҳрамони Италия гардад, аммо дар 5 бозии охир ду маротиба шикаст хурд ва ду бозии дигарашро бошад, бо натиҷаи мусовӣ ҷамъбаст намуд. Дар бозии даври 35-уми чемпионати Италия «Удинезе» «Ювентус» -ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Ҳисоб дар охири нимаи аввал кушода шуд - дар дақиқаи 42-юм Маттейс де Лигт муаллифи зарбаи самаровар шуд. Дар оғози нимаи дуввум меҳмонон мувозинатро барқарор карданд - дар дақиқаи 52-юм Илия Несторовски тӯбро ба дарвозаи рақиб ворид кард. Голи Сесо Фофан дар вақти иловагии рақобат ғалабаи «Удинезе»-ро таъмин кард. Дар даври 36-ум “Ювентус” дар хона бо «Сампдория» бозӣ хоҳад кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив