LIVE

Колумбия - дар даври плей-оффи Ҷоми Амрико-2019

Дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Амрико-2019 тимҳои миллии Колумбия ва Қатар вориди майдони рақобат шудаанд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Морумби — Сисеру Помпеу де Толеду» - и шаҳри Сан-Паулуи Бразилия баргузор шуда, бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди мунтахаби Колумбия хотима ёфт. Ягона голи ин дидорро ҳамлавар Дуван Сапата дар дақиқаи 85-ум ба самар расонид. Ҳамин тавр баъди ин муваффақият мунтахаби Колумбия пирӯзии дуюми хешро дар гурӯҳи "В" соҳиб шуда, бо касби 6 хол роҳхати даври плей-оффи мусобиқаи мазкурро ба даст овард. 

Ҷоми Амрико - 2019. 

Марҳилаи гурӯҳӣ 

Гурӯҳи "В'

Бозии 2-юм 

Колумбия - Қатар - 1:0

Гол: Дуван Сапата 85.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив