LIVE

Ҷоми Амрико-2019: Мусовии Бразилия бо Венесуэла

Дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Копа Америка-2019 тимҳои миллии Бразилия ва Венесуэла вориди майдони рақобат шуданд. Гарчанде, ки бозии тимҳо пуршиддат сурат гирифта бошад ҳам, аммо мухлисон шоҳиди гол нашуданд. Ҳамин тавр бозии дастаҳо бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Акнун мунтахаби Венесуэла ду бозии пай дар пайи хешро бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима дода, соҳиби ду имтиёз шуд. Дар айни замон тимҳои миллии Бразилия ва Перу бо касби 4 холӣ дар зинаҳои якуму дуюми ҷадвали гурӯҳи “А” қарор доранд. Дар даври навбатӣ Венесуэла бо Боливия ва Перу бо Бразилия майдондорӣ мекунанд. Бояд қайд кард, ки аз ҳар гурӯҳ дар Копа Америка-2019 танҳо ду дастаи беҳтарин ба даври плей-офф роҳ меёбанд. Инчунин ду мунтахаби дигаре, ки зинаи сеюмро ишғол намудаанду натиҷаҳояшон аз дигарон беҳтар аст, роҳи худро ба даври мазкур ҳамвор мекунанд. Хотиррасон мекунем, ки Копа Америка-2019 то 7-уми июл дар кишвари Бразилия идома мекунад.

Копа Америка-2019
Гурӯҳи “A”
Бозии дуюм
Бразилия - Венесуэла - 0:0
Бразилия: Алиссон, Дани Алвес, Тиагу Силва, Филипе Луис, Маркинюс, Коутиню, Каземиру (Фернандиню, 57), Артур, Роберту Фирмину, Нерес (Эвертон, 72), Ришарлисон (Габриэл Жезус, 46).
Венесуэла: Фаринес, Росалес, Вилянуэва, Осорио, Эрнандес, Ринкон, Мачис (Фигера, 76), Мурило, Эррера (Сотелдо, 66), Морено, Рондон (Мартинес, 85).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив