LIVE

Перу рақибашро сарафканда кард

Дар бозии аввали даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Копа Америка-2019 мунтахабҳои Боливия ва Перу вориди майдони рақобат шуданд. Бозии тимҳо дар варзишгоҳи «Маракана» дар шаҳри Рио-де-Жанейро баргузор шуда, бо ҳисоби бузурги 1:3 ба суди тими миллии Перу хотима ёфт. Ҳамин тавр яккачини Перу қадами бисёр умедбахшеро ба сӯи марҳилаи ҳазфии мусобиқа гузошт. Дар айни ҳол Перу бо касби 4 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи “А” ба ҳисоб меравад. Дар бозии оянда Перу бо Бразилия майдондорӣ мекунад.

Ҷоми Амрико-2019
Гурӯҳи “А”
Боливия – Перу -1:3
Голҳо: Марсело Морено (дақиқаи 28-ум), Хосе Паоло Герреро (дақиқаи 45-ум), Ҷефферсон Фарфан (дақиқаи 55-ум) , Эдисон Флорес (дақиқаи 95-ум)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив