LIVE

Маълумотномаи Копа Америка -2019

 Копа Америка бузургтарин мусобиқа дар қораи Амиркои Ҷанубӣ, ки ҳар чаҳор сол баргузор мегардад. Аввалин мусобиқаи расмии Копа Америка соли 1916 доир гардид. Нахустин бозӣ дар таърихи Копа Америка рӯзи 2-юми июл дар Аргентина доир шуд, ки Уругвай Чилиро бо ҳисоби 4-0 ноком карда буд. Муаллифи аввалин голи мусобиқа ин Хосе Пендибене аз дастаи “Пенярол” аст. Аз соли 1916 то соли 1975 ба ин мусобиқа он қадар диққат равона нашуда буд. Баъзе аз мунтахабҳо ҳайати ҷавонони худро барои иштирок равон мекарданд ва баъдан шуруъ аз соли 1975 тамоми аъзоёни КОНМЕБОЛ иштироки фаъоли худро дар Копа Америка оғоз карданд. Дар аввал номи мусобиқа Чемпионати Амрикои Ҷанубӣ миёни мунтахабҳо буд. Копа Америка куҳансолтарин мусобиқаи футболӣ ба шумор меравад. Дар мусобиқа даҳ мунтахаб аз КОНМЕБОЛ: Аргентина, Боливия, Бразилия, Венесуэла, Колумбия, Парагвай, Перу, Уругвай, Чили ва Эквадор, ду мунтахаби даъватӣ аз КОНКАКАФ иштирок мекунанд. Бори аввал соли 1993 дар Эквадор дастаҳои даъватӣ Мексика ва ИМА бозӣ карда буданд. Мексика то ба финал баромад ва дар дидори ниҳоӣ аз Аргентина бо ҳисоби 2-1 мағлуб шуд. Мусобиқаи мазкурро аз ҳама зиёд Аргентина мизбонӣ кардааст 8 маротиба, Уругвай 7 маротиба, Чили ва Перу 6 маротибагӣ, Бразилия 4, Эквадор 3, Боливия 2, Парагвай, Колумбия, ва Венесуэла бошанд 1 маротибагӣ мизбони Копа Америка буданд. Тими миллии Уругвай бо 15 қаҳрамонии худ рекордсмени Копа Америка ба ҳисоб меравад. Уругвай дар шаш мусобиқаи аввали Копа Америка пирӯзӣ ба даст овардааст. Дар зинаи дуюм мунтахаби Аргентина бо 14 ҷом қарор дорад ва баъдан Бразилия бо 8 қаҳрамонӣ зинаи сеюмро ишғол кардааст. Соли 2016 дар охирин мусобиқаи Копа Америка, ки берун аз Амрикои Ҷанубӣ дар ИМА доир шуд шаш мунтахаби ғайриаъзогии КОНМЕБОЛ ИМА, Гаити, Панама, Коста-Рика ва Ямайка даъват шуданд. Мунтахаби Чили дар садсолагии Копа Америка соли 2016 пирӯз гардид. Чилигиҳо дар финал тими миллии Аргентинаро дар силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 4-2 мағлуб карданд. Имсол 46-умин мусобиқаи Копа Америка дар Бразилия баргузор мегардад. Дар аввал макони баргузорӣ Чили интихоб гардида буд вале Федератсияҳои футболи Чили ва Бразилия ба мувофиқа расиданд ки квотаҳои худро иваз мекунанд Чили соли 2015 мусобиқаро мизбонӣ мекунад ва Бразилия бошад соли 2019. Пас аз соли 2019 Копа Америка дар солҳои баргузории Чемпионати Аврупо доир мешавад. Панҷ шаҳр Салвадор, Рио Де Жанейро, Бело Оризонте ва Порто Алегре бозиҳоро мизбонӣ мекунанд. Сараввал қарор қабул шуда буд, ки дар соли 2019 бояд 16 мунтахаб иштирок намоянд вале баъдан санаи 4-уми майи соли 2018 Иттиҳодияи футболи Амрикои Ҷанубӣ эълон кард, ки 12 даста дар 46-умин мусобиқаи Копа Америка ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба ғайр аз мунтахабҳои КОНМЕБОЛ инчунин ду даста аз Осиё Ҷопон ва Қатар низ бо даъвати Иттиҳодияи футболи Амрикои Ҷанубӣ иштирокчиёни мусобиқа ҳастанд. Мунтахаби Мексика, ки аз соли 1993 то ин ҷониб иштирокчии доимии мусобиқа буд имсол дар Копа Америка ҳунарнамоӣ нахоҳад кард. Иштирокчиёни Копа Америка дар соли 2019 ин мунтахабҳо ҳастанд:
 Аргентина, Боливия, Бразилия, Чили, Колумбия, Эквадор, Ҷопон, Парагвай, Перу, Қатар, Уругвай ва Венесуэла.
 Маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии муосбиқа санаи 24-уми январи ҳамин сол дар Рио де Жанейро сурат гирифт. 12 даста ба се гуруҳ тақсим гардиданд ки дар як гуруҳ чор мунтахаб барои ду роҳхат бозӣ мекунанд.   Ба ғайр аз дастаҳое ки зинаи якум ва дуюмро дар гуруҳои худ ишғол менамоянд инчунин ду мунтахаби беҳтарини зинаи сеюмро ишғол карда, ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ меёбанд.
 Бозии кушодашавии Копа Америка санаи 15-уми июн дар вразишгоҳи "Морумби"-и Сан Паулу миёни Бразилия ва Боливия доир мегардад. Рақобатҳои марҳилаи гурӯҳӣ то 24-уми июн баргузор шуда, аз 27-уми июн то 3-юми июл дидорҳои марҳилаи ҳазфӣ сурат мегиранд. Финал рузи 7-уми июл дар варзишгоҳи Маракана баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив