LIVE

 Имрӯз чемпионати ҷаҳон оғоз мегардад

8-умин чемпионати ҷаҳон байни занон оид ба футбол имрӯз 7-уми июн дар кишвари Фаронса оғоз мегардад. Дар ин мусобиқот 24 мунтахаб иштирок мекунанд. 4 сол қабл аз ин дар рафти баргузории чемпионати ҷаҳон миёни занон мунтахаби ИМА дар финал Ҷопонро бо ҳисоби 5-2 мағлуб карда, қаҳрамони ҷаҳон шуд. Мунтахаби ИМА ин дафъа унвони қаҳрамониро дифоъ мекунад. Зимнан иштирокчиёни мусобиқот имкони ба даст овардани роҳхати Бозиҳои Олимпии Токио-2020-ро низ доранд.

Бозиҳо дар куҷо баргузор мешаванд?
Рақобатҳо дар 9 шаҳри Фаронса, аз ҷумла: Гренобл, Гавр, Лион, Монпелйе, Нитса, Реймс, Ренн, Валенсйен ва Париж доир меграданд. Бозии кушодашавии мусобиқот бо иштироки мунтахабҳои Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи “Парк де Пренс”-и Париж имшаб соати 23:55 дақиқа баргузор мегардад.
Киҳо иштирок мекунанд?

Дар чемпионати ҷаҳон байни бонувон 24 мунтахаб аз 6 конфедератсияи футболӣ иштирок мекунанд. Мунтахабҳои Чили, Шотландия, Ямайка ва ҶАҶ бори аввал дар чунин мусобиқоти фароҷаҳонӣ иштирок хоҳанд кард. Мунтахабҳои Ҷопон, Бразилия, Норвегия, Шветсия, Олмон, ИМА ва Нигерия бе танаффус дар ҳамаи мусобиқот иштирок карда истодаанд.
Тартиби баргузории мусобиқот

Дастаҳои иштирокчӣ ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 дастаӣ ҷудо шуда давоми як моҳ барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебаранд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ва 4 мунтахаби беҳтарин бо ишғоли ҷойи сеюм ба даври плей-офф роҳ меёбанд. Баъдан бозиҳо тибқи низоми олимпӣ сурат гирифта, 7-уми июл дар варзишгоҳи “Парки Олимпи”-и Лион қаҳрамони ҷаҳон муаяйн мегардад. Рафт ва натиҷаи ин мусобиқотро шумо ҳамарӯза метавонед тавассути шабакаҳои ТВ “Варзиш”, ТВ "Футбол" ва сомонаҳои расмиамон пайгирӣ намоед.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив