LIVE

Уругвай Ҷоми Амрико-2019-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Копа Америка-2019 мунтахабҳои Уругвай ва Эквадор вориди майдони рақобат шуданд. Бозии тимҳо дар варзишгоҳи «Минейрао — Губернатор Магалянс Пинту» баргузор шуда, бо ҳисоби бузурги 4:0 ба суди тими миллии Уругвай хотима ёфт. Ҳамин тавр яккачини Уругвай қадами нахустини хешро баҳри фатҳи Копа Америка-2019 гузошт. Дар айни ҳол Уругвай бо касби се имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи “С” ба ҳисоб меравад. Дар бозии оянда Уругвай бо Ҷопон ва Эквадор бо Чили майдондорӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ санаи 21-уми июн баргузор мешаванд.

Копа Америка-2019
Гурӯҳи C
Уругвай - Эквадор - 4:0 (3:0)
Голҳо: Лодейро, 6 (1:0). Кавани, 33 (2:0). Суарес, 44 (3:0). Мина, 78 (худгол) (4:0).
Уругвай: Муслера, Годин, Касерес, Хименес, Лодейро (Торрейра, 75), Весино (Валверде, 81), Лаксалт, Нандес (Перейро, 64), Бентанкур, Суарес, Кавани.
Эквадор: Домингес, Ачилер, Мина, Кинтеро, Кайседо, А.Валенсия, Орехуэла, Пресиадо (Р.Ибарра, 46), Интриаго, Мена (Веласко, 29), Эн.Валенсия.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив