LIVE

Пирӯзии бузурги Чили бар Ҷопон

Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Амрико-2019 тимҳои мунтахаби Ҷопон ва Чили вориди майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи номдори «Морумби — Сисеру Помпеу де Толеду»-и шаҳри Сан-Паулуои Бразилия баргузор шуда, бо ҳисоби бузурги 4:0 ба суди қаҳрамони феълии Ҷоми Амрико яъне тими миллии Чили хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ голҳои ғолибонро Эдуардо Варгас (ду гол), Эрик Пулгар ва Алексис Санчес муаллифӣ намуданд. Ҳамин тавр яккачини Чили, ки қаҳрамони феълии ин мусобиқаи мебошад, Ҷоми Амрико-2019-ро бо пирӯзии бузург оғоз намуд. Баъди ин муваффақият Чили бо касби се хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “С” ба шумор меравад. Дар даври навбатӣ Уругвай бо Ҷопон ва Чили бо Эквадор рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҷоми Амрико-2019
Гурӯҳи С
Ҷопон – Чили – 0:4 (0:1)
Голҳо: Пулгар, 41 (0:1). Варгас, 54 (0:2). Санчес, 82 (0:3). Варгас, 83 (0:4).
Ҷопон: Осако, Н.Уэда, Томиясу, Хара, Сугиока, Сибасаки, Накадзима (Миеси, 66), Накаяма, Кубо, Маэда (Абэ, 66), А.Уэда (Окадзаки, 79).
Чили: Ариас, Исла, Медел, Марипан, Видал (Эрнандес, 78), Фуэнсалида (Опасо, 80), Босежур, Арангис, Пулгар, Санчес (Фернандес, 87), Варгас.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив