LIVE

Колумбия баъди 12 сол Аргентинаро шикаст дод!


Дар бозии аввали гуруҳи "В" дар Ҷоми Амрико-2019 мунтахаби Колумбия пирӯзӣ ба даст овард. Дастаи Карлош Кейруш Аргентинаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Дар дақиқаи 71-уми вохӯрӣ Рохер Мартинес, ки дар дақиқаи 14-ум Мурели осебгиритфаро иваз карда буд, ҳисобро боз кард. Баъди гузашти 14 дақиқаи дигар Дуван Сапата ба задани гол даст ёфт. Ҳамин тавр дастаи мунтахаби Колумбия ғалабаи таърихиашро дар дидор бо дастаи Аргентина ба даст овард. Ҳанӯз 12 сол қабл соли 2007, дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2010 тими Колумбия дар майдони худ бо ҳисоби 2:1 Аргентинаро мағлуб намуда буд. Аргентина дар бозии дигар санаи 19-уми июн бо Парагвай дидор мекунад. Колумбия бошад бо Қатар дар ҳамонруӯ вориди рақобат мегардад. 


Ҷоми Амрико-2019 

Аргентина - Колумбия 0:2

голҳо:Роҷеро Мартинес 71 (0:1), Дуван Сапата 86 (0:2)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив