LIVE

Дебюти мунтахаби Қатар дар Ҷоми Амрико

Мунтахаби Қатар пас аз муваффақияти худ дар Чемпионати Осиё барои иштирок дар Ҷоми Амрико ба Бразилия сафар кард. Қатар дар ду Ҷоми Амрико соли 2019 ва 2020 ҳунарнамоӣ мекунад. Дар бозии аввали худ Қатар бо мунтахаби Парагвай ду карата қаҳрамони Ҷоми Амрико ҳунарнамоӣ кард. Дидори мунтахабҳо дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейро баргузор гардида, бо ҳисоби 2-2 ба анҷом расид. Футболбози ботаҷрибаи Парагвай Оскар Кардосо дар дақиқаи 4-ум дастаашро пешсаф кард. Дар нимаи дуюм Дерлис Гонсалес, ки ба майдон ворид шуд бо зарбаи қавии худ натиҷаро 2-0 кард. Алмуз Алӣ беҳтарин нишонзани Қатар дар Чемпионати Осиё бо голи задаи худ Қатарро ба бозӣ баргардонид. Дар дақиқаи 77-уми майдондорӣ бошад, Буалим Хухи ҳисобро 2-2 кард.
Дар даври 2-юм Қатар бо Колумбия рақобат мекунад ва Парагвай бошад, бо Аргентина.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив