LIVE

Ҳангомаи “Сомон” ва “Бешкент” дар даври аввал

Чор бозии даври аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор гардиданд. Дар даври ифтитоҳии чемпионат дастаи “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод дар майдони худ бо тими “Терай”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рақобат намуд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод доир гашт, ки соҳибони майдон бо ҳисоби 3:1 зафар ёфтанд.  Дар доираи даври аввал дар минтақаи Кӯлоб дастаи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар сафар бо тими “Сомон”-и ноҳияи Данғара андари майдони рақобат шуд, ки бозӣ бо ҳисоби 3:1 бар нафъи соҳибони майдон ба анҷом расид. Дар ин марҳила,  дар минтақаи Бохтар низ ду вохӯрӣ доир гардид. Дастаи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав дар майдони худ бо тими “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиён дидор анҷом дод, ки мизбонон бо ҳисоби калони 4:1 зафар ёфтанд. Ҳамчунин, дар ин давр дастаи “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо тими “Вахши зарнисор”-и ноҳияи Вахш вохӯри анҷом дод, ки бозингаронии тими “Арал” бо ҳисоби калони 5:2 пирӯз шуданд.
Лигаи 2-юм, даври аввал
1.  “Шоҳин” - “Терай” 3:1
2. “Сомон”- “Сарҳадчӣ” 3:1
3. “Бешкент”- “Пахтакор” 4:1
4. “Арал” -Вахши зарнисор” 5:2  
Хадамоти матбуотии Федератсияи  футболи вилояти Хатлон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив