LIVE

Бохти бузурги "Арал" ва "Сарҳадчӣ" дар сафар

Дар даври даҳуми бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон дастаи «Шоҳин»-и ноҳия Муъминобод аз тими «Кӯшон»-и ноҳия Кӯшониён шикаст хурд. Дидори дастаҳо дар ноҳияи Мӯъминобод баргузор гардида, бо ҳисоби 2:1 бар нафъи меҳмонон ба анҷом расид. Ҳамчунин, дар ин давр дар варзишгоҳи ноҳияи Вахш бозии дастаҳои "Вахши Зарнисор"-и ноҳияи Вахш бо "Сарҳадчӣ"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҳисоби калони 4:1 ба суди мизбонон ҷамъбаст гардид. Дар бозии дигар ин давр тими "Пахтакор-и ноҳияи Қубодиён дастаи "Арал"-и ноҳияи А. Ҷомиро бо ҳисоби 5:3 шикаст дод. Мавриди зикр аст, ки фардо дар ин давр дастаҳои "Хуросон" бо "Ҳосилот", "Чашма" бо "Барқ" ва "Сарбанд" бо "Моҳир" дидор анҷом медиҳанд.
«Шоҳин» - «Кӯшон» 1:2
"Вахши Зарнисор" - "Сарҳадчӣ 4:1
"Пахтакор" - "Арал" 5:3

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив