LIVE

Голҳои беҷавоби «Моҳир» ба дарвозаи «Сарбанд»

Дирӯз, бозии даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор гардид. Бозии марказии ин давр вохӯрии дастаҳои «Моҳир»-и ноҳия Ёвон ва тими «Сарбанд»-и шаҳри Левакант буд. Дидори дастаҳо дар ноҳияи Ёвон баргузор гардида, бо ҳисоби калони 7:0 бар нафъи мизбонон ба анҷом расид. Мавриди зикр аст, ки имрӯз се дидори даври 13-ум - дастаи «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиён, "Барқ"-и Норак бо "Чашма"-и Шаҳритус ва тими «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо дастаи «Хуросон»-и ноҳияи Хуросон доир мегардад.
«Моҳир» - «Сарбанд» 7:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив