16 октябри соли равон дастаи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон дар майдони худ тими «Кӯшониён»-и ноҳияи Кӯшониёнро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Вохӯрии дастаҳо дар ноҳияи Ёвон барпо гардид, ки соҳибони майдон баъди ғалаба дар ҷадвали мусобиқа мавқеи худро бозҳам мустаҳкамтар намуданд. Чунки дастаи “Кӯшон” бо 38 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баъд аз тими “Моҳир” қарор дошт. Баъди мағлубият дастаи “Кӯшон” ҳатто пойгаҳи чемпиониро аз даст дода, аз рақиби асосиаш тими “Моҳир” 5 имтиёз кам шуд. Бо ҳамин, баъди ин муваффақият дастаи “Моҳир” бо касби 43 хол дар садри ҷадвал қарор гирифт. Голҳоро аз дастаи пирӯз Бахтовар Ҳалимов (5, 50) ва Акмал Зулпалаев (33) ба дарвозаи ҳариф ворид намуданд. Ягона тӯби меҳмононро Азамат Ҳамроқулов дар дақиқаи 19-ум ба самар расонид.
Ҳамчунин, дар ин давр дастаи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони худ аз тими “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳисоби 3:0 мағлуб гардид..
“Моҳир” - “Кӯшон” 3:1
“Сарҳадчӣ” - “Арал” 0:3
Бояд ёдовар шуд, ки охирин бозии даври 16-ум миёни дастаҳои “Шоҳин” ва “Чашма” рӯзи 17-уми октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад.
