LIVE

Натиҷаи қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми вилояти Хатлон

Рақобатҳо барои дарёфти Ҷоми вилояти Хатлон аз 26 августи соли 2019 оғоз меёбад ва дар он 10 даста барои Ҷом  мубориза мебаранд.
Дар маросими қуръакашии Ҷоми вилоят, ки дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи вилояти Хатлон доир гардид, иттиллоъ дода шуд, ки дар мусобиқа дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок мекунанд. Дар ҷоми имсола дастаҳои “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон, «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиён, «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Арал»-и ноҳияи А. Ҷомӣ, “Барқ”-и шаҳри Норак, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритӯс, «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён, «Хуросон»-и ноҳияи Хуросон ва «Вахши Зарнисор»-и ноҳияи Вахш номнавис шуданд.
Мавриди зикр аст, ки баъд аз маросими қуръакашӣ рақибони дастаҳо дар даври 1/8 ниҳоӣ маълум гардид. Рӯзи 26 август «Сарҳадчӣ» - “Моҳир” ва “Арал”-“Кӯшон” миёни ҳам неру месанҷанд. Саннаи 27 август бошад, тими “Вахши Зарнисор” бо “Пахтакор” ва 28 август   “Чашма” бо “Ҳосилот”  дидор анҷом медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив