LIVE

Пирӯзии «Моҳир»-у нокомии «Ҳосилот»

Дастаи "Шоҳин"-и ноҳияи Мӯъминобод дирӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон дар бозии даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон аз тими "Моҳир"-и ноҳияи Ёвон бо ҳисоби бузурги 9-3 шикаст хӯрд.
Дар ҳамин ҳол, дастаи дигари Лигаи дуюм - «Вахши Зарнисори»-и ноҳияи Вахш рӯзи 13 август дар майдони худ тими «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиёнро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод. Ҳамчунин, дар ин давр дастаи «Сарбанд»-и шаҳри Левакант ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор миёни ҳам рақобат намуданд, ки бо ҳисоби 2:1 ба суди мизбонон ҷамъбаст гардид.
"Моҳир" - "Шоҳин" 9-3
«Вахши Зарнисори» - «Пахтакор» 6:1
«Сарбанд» - «Ҳосилот» 2:1

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив