LIVE

Охирин мавсими Вертонген дар "Тоттенхэм"

Ҳимоятгари "Тоттенхэм" - Ян Вертонген ишора намуд, ки бо анҷоми мавсими ҷорӣ дастаашро тарк мекунад.

Мехоҳам, ки бо бошгоҳи дуруст шартнома имзо кунам. Воқеан ҳам хостори бозӣ намудан дар сатҳи олӣ барои чанд соли дигар ҳастам ва дар соли оянда мехостам, ки дар евроҷомҳо бозӣ кунам. Дар моҳи январ чанде аз бошгоҳҳо бо пешниҳодҳои ҷиддӣ муроҷиат карда буданд. Лигаҳои испаниву итолиявӣ айни ҳол ошкортаринанд, вале ман кулли пешниҳодҳоро аз назар хоҳам гузаронд.
 Ёдрас мекунем, ки шартномаи ин футболбози белгигӣ бо “Тоттенхэм” дар баробари анҷоми мавсими ҷорӣ ба итмом мерасад. Лондониҳо қарордоди нав бо ин футболбози худ бастан намехоҳанд.  Барои харидорони эҳтимолияш ӯ метавонад бепул ба даст ояд. Новобаста аз 33-солагияш Вертонген айни ҳол ҳам аз зумраи дифоъгарони хуби Премйер лигаи Англия маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив