LIVE

"Атлетик Билбао" ҳамлавари нав ёфтааст

"Атлетик Билбао" бошад дар ин тобистон мехоҳад ҳамлавари Ювентус Гонсало Игуаинро бепул ба даст оварад. Чӣ тавре Марка менависад бозии Гонсало ба фалсафаи бошгоҳи баскӣ дуруст меояд. Чӣ тавре маълум мешавад,падарбузурги ин ҳамлавар ҳам баскӣ будааст. Шартномаи Гонсалои аргентинӣ бошад бо Ювентус тобистони ҳамин сол ба итмом мерасад ва эҳтимолан “сенйораи куҳан” бо ин бозингар тамдиди шартнома намекунанд. Агар доир ба “Атлетик” аз Билбао бигуем ин аргентинӣ на танҳо ба фалсафаи бошгоҳияшон наздик аст, ҳамчунин метавонад хати ҳамлаи дастаро пурқувват намояд. Вале Адурис дар ин ҳолат куҷо мешавад? Адуриси испанӣ  айни ҳол 39 сол дошта,  калонтар аз Иброҳимович аст.   Аз ин рӯ харидории ҳамлавари нав кори муътадил аст ва аз ҷониби дигар магар ин чиз барои худи Игуаин лозим бошад? Ин нафар ҳам ҷавон нест, вале бо кулли эҳтиром ба “Атлетик”  Игуаин метавонад дар сатҳи баландтаре бозӣ кунад. Дар ин кор мо расидагӣ карда наметавонем,моро танҳо лозиммеояд,ки интизор шавем,ки  кор чӣ тавр ба анҷом мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив