LIVE

Ян Облак — беҳтарин дарвозабони дунё

Сармураббии тими “Атлетико”-и Мадрид Диего Симеоне дар мавриди бозии хонагии даври 10-уми примераи Испания бар муқобили “Атлетик” аз Билбао (2:0) шарҳи хешро баён намуда, дарвозабони “мадридиҳо” Ян Облакро беҳтарин дар олам номид.
 “Дастаи мо бояд,ки чунин тавр ба монанди қисми дуюми бозӣ пешсафӣ нишон диҳад. Мо дар муқобили ҳарифи пурқувват хуб баромада намуда, нағз бозӣ кардем.
 Ян Облак-беҳтарин дарвозабон дар олам аст ва дар ин маврид ягон шубҳае нест. Ӯ беҳтар ва беҳтар шуда истодааст ва “Атлетико” баҳри дурахшиданаш ба ӯ кумак мекунад.
 Мо се бозии бузурги паиҳамро  паси сар намудем. Оддӣ нест нахуст бо “Валенсия” бозӣ намудан, баъдан дар Лигаи Қаҳрамонҳо ва сипас боз дар мусобиқоти дохилӣ. Мо ҳар рӯзи саввум бозӣ мекунем ва бояд,ки иштиёқи пируз шуданро ҳифз намоем”,-иқтибос овардааст аз суханони Симеоне AS.
Бояд илова намуд,ки “Атлетико”-и Мадрид  пас аз пирузӣ бар тими Билбао 19 хол ба даст овард. Акнун дар ҷадвали Примераи Испания тими Симеоне мақомдори зинаи дуввум буда, дар даври 11-ум “ҳиндувониҳо” дар сафар бо “Алавес” бозӣ хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив