LIVE

Игуаин ба Испания бармегардад

Ҳамлавари «Ювентус» - Гонсало Игуаин имкони бозгашт ба Ла Лигаро дорад. Дар ин бора Marca навиштааст.
Тобистон ҳамлагари 32 соларо шартномааш бо клуби туринӣ хотима меёбад. Агар «Ювентус» бо ӯ қарордоди нав набандад, футболбоз ҳамчун бозикуни озод ба дилхоҳ тими футбол гузариш анҷом дода метавонад. Ба иттилои сарчашма муддаии асосӣ барои ҷалби нишонзани аргентинӣ тими «Атлетик Билбао» ба ҳисоб меравад. 
Игуаин сар аз соли 2016 дар «Ювентус» бозӣ мекунад. Қаблан дар дастаҳои «Ривер Плейт», «Реал» ва «Наполи» низ ҳунарнамоӣ кардааст. Мавсими гузаштаро футболбози мазкур дар тимҳои «Милан» ва «Челси» сипарӣ намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив