LIVE

Тобистон чор футболбоз «Ливерпул»-ро тарк мекунанд

«Ливерпул» дар баробари анҷоми мавсими ҷорӣ нақша дорад, ки аз ҳайати худ бо 4 бозигар қарордоди ҳамкориро қатъ кунад. Ба иттилои Liverpool Echo дар ин феҳрист исми муҳофизатгарон - Деян Ловрен, Натаниэл Клайн ва ҳамчунин ниммуҳофизатгарон - Адам Лаллана бо Ҷердан Шакири шомил аст. 
Дар ҳисоби Ловрен дар мавсими ҷорӣ  14 бозӣ ва як гол сабт шудааст. Шартномааш бошад, то  соли 2021 эътибор дорад. Шакири дар 10 бозӣ ба майдон баромада, як гол задааст. Аммо ӯ имкон дорад, ки то соли 2023 футболбози сурхпӯшон бимонад. Лаллана бошад, дар 22 бозӣ ба майдон баромада, ӯ низ як гол задааст ва қарордодаш тобистони имсол ба анҷом мерасад. 
Назар ба дигар ҳамдастаҳояш Клайни 28 сола дар мавсими ҷорӣ боре ҳам ба майдон набаромадааст ва тобистон футболбоз озод мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив