LIVE

Марио Гётсе як бори дигар "Боруссия"-ро тарк карданист

Чӣ тавре рузномаи асосии варзишии Италия “Газетто дело Спорт” мерасонад, Марио Гётсе метавонад фаъолияти варзишии худро дар “Латсио” идома диҳад.  Ёдрас мекунем,ки шартномаи ин олмонӣ бо "Борруссия" дар баробари анҷоми мавсими ҷорӣ ба итмом мерасад ва тамдиди онро  Марио дар нақша нагирифтааст. Чанде пеш бошад, ин футболбоз гуфта буд, ки ният дорад самти маснади варзишии хешро дигар кунад. Нисбати Гётсе ҳамчунин як бошгоҳи дигари римӣ ё худ "Рома" низ таваҷҷуҳ дорад. Муҳим он нест, ки ин нимҳимоятгар дар "Латсио" ё "Рома" бозӣ кунанд, асос он аст, ки вақти бештари бозикуниро дошта бошад. 
Чаро ки замоне ин нафар аз пуристеъдодтарин футболбозони сайёра шинохта шуда, баъзеҳо ҳатто қудрати ӯро бо Месси қиёс мекарданд. Воқеан ҳам миёни ин футболбозон хисталҳои умумие вуҷуд доранд, вале афсус, ки вазъи саломатӣ ба Марио имкон надод,то аз футболбозоне шавад,ки ҳамагон ӯро дидан мехостанд. Серияи А чемпионати хубест хусусан барои нафароне, ки мехоҳанд самти фаъолияти варзишии худро таъғир диҳанд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки бо Гётсе низ чунин мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив