LIVE

Родригес ба Туркия рафт

Ҳимоятгари “Милан” Рикардо Родригес   ахиран “Милан” –ро тарк намуда, ба таври иҷора дар Туркия идомаи фаъолияти варзишӣ мекунад. Иҷораи бозингари мунтахаби Шветсария дар сафи “Фенербахче” то охири мавсими ҷорӣ идома карда, ҷониби туркӣ метавонад,ки пас аз анҷоми мӯҳлати иҷора ҳатто бар ивази панҷ миллион евро Родригесро пурра харидорӣ намояд. Ҳамчунин “ПСВ”-и нидерландӣ низ баҳри Родригес мубориза мебурд,вале ин бозингар ахиран мусобиқоти туркиро интихоб намуд. Ростӣ таърихи Родригес хеле ҳам аламовар аст. Замоне ин бозингар аз пуристеъдодтарин ҳимоягарони самти чапи майдон шинохта мешуд,вале гузариш ба “Милан” ҳамаро таъғир дод. Ростӣ ин на ягона футболбозест,ки аз дасти “Милан” ғарқи нокомӣ мешавад ва хеле ҳам ҷолиб аст,ки ин футболбоз барои ягоне аз абардастаҳо ҳам лозим нашуд. Албатта,ки Рикардо он футболбози солҳои пешин нест,вале то ҳол ҳам қодир аст,ки бештари бошгоҳҳоро пурқувват кунад. Ӯ зарбаҳои ҷаримавиро хуб иҷро мекунанд,ки ин албатта Родригесро боз ҳам арзишмандтар месозад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив