LIVE

Лигаи футболи Чехия дар ҳоли баргузорист

Лигаи футболи Чехия нақша дорад аз 25-уми май дубора ба майдони футбол баргарданд. Дар ин бора сомонаи расмии Лигаи футболи Чехия иттилоъ додааст. Роҳбарияти Лига бо Вазорати тандурустии ин кишвар барои баргаштан ба майдон ба мувофиқа расида, сайъ доранд то ба нафъи бозингарон дубора мавсим шурӯъ шавад. 12-уми май нишасти ҳайати роҳбарияти Лига бо сармураббии дастаҳо ва намояндагони вазорати тандурустии ин кишвар баргузор меградад, ки дар он нақшаҳои оянда ва тақвими баргузории бозиҳо сурат мегирад. Ба ғайр аз ин Лига бояд розигии тамоми клубҳои двизионҳоро интизор шавад. Чемпионати Чехия то даври 24-ум баргузор гардида буд. Мақоми аввалро дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Славия” бо касби 58-имтиёз ишғол мекунад. Дар ҷойи дуюм тими “Виктория” бо 50-имтиёз қарор дорад. То ба анҷом расидани марҳилаи аввал 6-даври рақобатҳо боқӣ мондааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив