LIVE

"Аякс"-ро аз қаҳрамонӣ маҳрум сохтанд

Иттиҳоди футболи Нидерландия яке аз аввалинҳо шуда, чемпионати худро дар мавсими ҷорӣ баргузорнашуда эълон кард. Ҳатто дастаҳое, ки дар дивизони аввал дар зинаҳои охири ҷадвал қарор доранд, мавқеи худро дар мавсими оянда гум намекунанд ва дар Лигаи олӣ бозиҳои худро идома медиҳанд.  Федератсияи футболи Нидерландия баъд аз он ба хулосае омад, ки Роҳбарияти кишвараш ба таври расмӣ тамоми чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва ҷамъомадҳоро то 1-уми сентябр бо вуҷуди иштирок доштан ё надоштани мухлисон манъ кард. Масъулони футболи ин кишварро зарур аст, ки бо намояндагони ФИФА дар масъалаи тақдири иштироки дастаҳои ин кишвар дар мусобиқаҳои аврупоӣ тавсияҳо бигиранд. Қаблан гуфта мешуд, ки дастаи «Аякс», ки мақоми аввали ҷадвали умумиро ишғол мекунад, чемпион эълон шавад. Аммо баъдан чунин қарор бароварда шуд, ки Чемпионат дар ин мавсим баргузорнашуда эълон шавад ва дар мавсими оянда ҳама аз нав рақобатро оғоз хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив