LIVE

Мавсими навбатии Лигаи якум ба анҷом расид

Инак мавсими навбатии Лигаи якум ба анҷом расид. Дар мавсими кунунӣ 14 даста барои баромадан ба Лигаи олӣ талош намуданд. Мавсими хатм гардидаи лигаи якум имсол бисёр ҳам ҷолибу диданӣ сурат гиифт.

                                                                     "Локомотив-Помир"
"Локомотив Помир", ки иборат аст аз футболбозони навраси то 17 солаи тими мунтахаб бинобар сабаби иштирок дар Ҷоми ҷаҳон айни ҳол шаш бозии худро доир накардааст. Маҳз аз ҳамин хотир айни ҳол то кунун қаҳрамони имсолинаи Лигаи якум  маълум нагардидааст. Баъд аз оне ки шогирдони Зайниддин Раҳимов тамоми бозиҳои худро доир мекунанд пасон, қаҳрамон ва иштирокчии Лигаи олӣ аз миёни дастаҳои Лигаи якум муайян мегардад. Айни ҳол Локомотив Помир бо касби 46 имтиёз дар зинаи 7-ум қарор дорад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов ҳамагӣ 20 бозӣ анҷом доданд. Аз ин 20 бозӣ 14 дидорро бо пирӯзӣ, 4 вохӯриро бо натиҷаи мусовӣ ва 2 дидорро бо бохт сипарӣ кардаанд. Аз мақоми аввал "Локомотив"-ро 9 имтиёз ҷудо мекунад ва агар даста дар шаш бозии боқимонда ғалаба кунад пас 61 имтиёз касб карда, зинаи аввалро ишғол мекунад. Барои ишғоли мақоми аввал ба Локомотив 10 имтиёз низ кофӣ аст.
                                                                         "Файзканд"
  Дастаи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ аз оғози мавсим яке аз он дастаҳое буд, ки ҳадафаш ба даст овардани роҳхати Лигаи олӣ буд. Он футболбозони ҷавон ва бо таҷрибае, ки дар ҳайати даста ҳастанд, "Файзканд" бо онҳо аз оғоз мунтазам соҳиби имтиёз гардида, бо бозии устувораш рақибонашро як-як мағлуб менамуд. "Файзканд" дар ин мавсим танҳо ду маротиба мағлуб гардидааст. Дар 25 бозии анҷом додааш "Файзканд" 17 ғалаба ва 6 мусовӣ дорад. Дар ин 25 дидор "Файзканд" 48 гол ба самар расонида, 21 гол ба тури дарвозааш сар додааст. Як бозие, ки "Файзканд" доир накардааст он ҳам бошад бо "Локомотив-Помир" буда, ин бозиро дар майдонаш баргузор менамояд. Агар дар ин дидор "Файзканд" ғалаба кунад пас даста, барои касби зинаи аввал наздик мегардад.
                                                                        "Душанбе-83"
"Душанбе-83" дастаи дигаре, ки дар зинаҳои болоии ҷадвал қарор дорад. Дар миёнаи мавсим "Душанбе-83" Рустам Хоҷаевро ба ҳайси сармураббӣ таъйин намуд. Бо омадани Рустам Хоҷаев даста, то ҷое ҳам тавонист, ки имтиёзҳои заруриро соҳиб шавад. Дар мавсим бозиҳое буданд, ки дар рақобат бо дастаҳои на он қадар қавӣ "Душанбе-83" имтиёз аз даст медод. Легионерҳое ки дар ҳайати даста ҳастанд тавонистанд, ки бозии дастаро аз дигар тимҳои Лигаи якум фарқкунанда намоянд. "Душанбе-83" низ ба мисли "Файзканд" танҳо як бозии дигарро дар ин мавсим доир мекунад. Айни ҳол даста 16 ғалаба, 5 мусовӣ ва 5 бохт дорад. Дар 25 бозии қаблӣ футболбозони "Душанбе-83" 48 гол ба самар расонидаанд. Хати ҳимояи "Душанбе-83" дар миёни дастаҳои Лигаи якум беҳтарин ба ҳисоб меравад зеро даста дар 25 дидор танҳо 17 гол ба дарвозааш сар додааст. Дар даври охирин шогирдони Рустам Хоҷаев бо "Парвоз" бозӣ намуданд, аммо натавонистанд, ки соҳиби се имтиёз бигарданд ва дидор бо ҳисоби 0-0 хатм гардид.
                                                                          "Парвоз"
Парвоз дастаи вилояти Суғд. Тиме, ки иборат аст аз футболбозони маҳаллӣ. "Парвоз" нисбат ба "Душанбе-83" ва "Файзканд" ноустувор бозӣ кард, аммо даста тавонист, ки дар се гона ҷой бигирад. "Парвоз" дигар имконият надорад, ки роҳхати Лигаи олиро ба даст оварад, зеро даста 50 имтиёз дошта 4 хол камтар аз "Душанбе-83" касб кардааст. Ҳатто дар сурати пирӯз гардиданд низ "Парвоз" наметавонад, ки мақоми дуюмро ишғол намояд.  "Эсхата" низ ба мисли "Парвоз" 50 хол дошта, даста нисбат ба "Парвоз", "Душанбе-83" ва "Файзканд" тамоми бозиҳои худро доир кардааст. Дар миёни чор дастае ки дар зинаҳои болоии ҷадвал қарор доранд пас аз "Файзканд" хати ҳамлаи "Эсхата" аз рӯи шумораи голҳо дар зинаи дуюм меистад. Дар 26 дидор футболбозони "Эсхата" ба задани 62 гол даст ёфтаанд.
                                                                          "Равшан"
"Равшан" дастаи овозадори на танҳо Вилояти Хатлон балки тамоми ҷумҳурӣ. Ин мавсим ҳадафи асосии роҳбарияти даста ин ба даст овардани роҳхати Лигаи олӣ буд. Дар нимаи аввали мавсим даста бо футболбозони ҷавон бо дигар дастаҳо бо қадри имкон тавонист, ки ҳунарнамоӣ кунад. Дар қисмати дуюм "Равшан" Саидамири Саидаҳмад, Далер Шомуродов, Рустам Ризоев, Наврӯз Рустамов, Абдусамад Ҳоҷибоев ва Ҳасан Рустамовро ба даста даъват намуд. Пас аз пурқувват кардани ҳайати худ "Равшан" нимаи дуюми мавсимро хело хуб оғоз кард, аммо дар рақобат бо дастаҳое, ки дар зинаҳои болоии ҷадвал буданд Равшан натавонист ки имтиёзҳои заруриро соҳиб шавад. Махсусан "Равшан" дар бозиҳои охир бо "Файзканд", "Душанбе-83" ва "Парвоз" соҳиби имтиёз бигардад. Маҳз ҳамин нокомиҳо буданд ки даста имконияти ба даст овардани роҳхати Лигаи олиро аз даст бидиҳад. "Равшан" дар 26 бозӣ 49 хол касб карда, дар 15 дидор ғалаба намуд. Ҳамчунин "Равшан" чор бозиро бо мусовӣ ва 7 дидорро бо бохт анҷом дод. Агар "Равшан" ҳамин ҳайати худро нигоҳ бидорад, пас даста дар мавсими оянда имконият пайдо хоҳад кард ки ба Лигаи олӣ баромада, дубора бо бозии зебояш дили мухлисонашро шод намояд.
    "Зарафшон", "Шоҳмансур" ва "Дӯстӣ" дастаҳое ки ин мавсим дар зинаҳои поёнии ҷадвали Лигаи якум қарор гирифтанд. "Зарафшон" дар қисмати дуюми мавсим мавҷудияти худро қатъ намуд. "Зарафшон" бо касби 8 имтиёз дар зинаи 14 қарор гирифтааст. "Шоҳмансур" низ то ба охир талош намуда, натавонист, ки мавсимро дар миёнаи ҷадвалба анҷом бирасонад. Даста дар 26 дидор танҳо 2 ғалаба дошта, бо дарёфти 10 хол дар мақоми 13 ҷой дорад. "Дӯстӣ" бошад ягона дастае аст, ки ягон натиҷаи мусовӣ надорад. 26 бозие ки дар мавсим сипарӣ гардид "Дӯстӣ" дар он бозиҳо 85 гол бар дарвозааш сар дода, танҳо соҳиби 12 хол гардидааст. Футболбозони "Дӯстӣ" танҳо дар 4 бозии ин мавсим ғалаба кардаанд. 
Беҳтарин нишонзани мавсими мазкур ҳамлагари "Барқчӣ" Тоҳир Малодӯстов гардид. Дар он бозиҳое ки Тоҳир Малодӯстов ба майдон баромад футболбози мазкур тавонист, ки 26 гол ба самар бирасонад. Пас аз чунин нишондод мо ӯро шояд дар мавсими оянда дар ягон дастаи Лигаи олӣ бубинем, зеро Тоҳир Малодӯстов таҷрибаи бозӣ дар тими мунтахаби миллиро низ дорад.  Ҷурабой Исоев бозингари "Эсхата" бо 16 гол дар мақоми дуюм аст ва Муҳсин Мадуллоев футболбози "Файзканд" бошад бо 14 гол дар мақоми сеюм қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив