LIVE

Лигаи якум: Нимаи дуюми мавсим оғоз шуд

Пас аз хотимаи қисмати аввали мавсим дастаҳои Лигаи якум дар Ҷоми Тоҷикистон рақобат карданд. "Саройкамар", "Эсхата", "Исфара", "Барқчӣ", "Ҳулбук", "Дӯстӣ", "Ваҳдат" ва "Душанбе-83" дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бозӣ карданд. Аз миёни ин дастаҳо "Эсхата", "Ҳулбук" ва "Дӯстӣ" тавонистанд, ки ба даври ¼ ниҳоӣ бароянд. Акнун дар даври ¼ ниҳоӣ "Эсхата" бо "Истиқлол" ва "Ҳулбук" бо "Дӯстӣ" дидор анҷом медиҳад. Қисмати дуюми Лигаи якуми мамлакат бо дидори "Ваҳдат" - "Дӯстӣ" оғоз шуд.
"Файзканд" 1 –2 "Душанбе-83"
Қабл аз хотимаи қисмати аввали мавсим дар даври 13-ум "Душанбе-83" дар майдони худ бо "Файзканд" бозӣ карда буд. Дидори дастаҳо хело ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 0-0 хатм гардид. "Файзканд" ва "Душанбе-83" дастаҳои пешсафи ҷадвали Лигаи якум буда, муддаи асосӣ баҳри дарёфти роҳхати Лигаи олӣ ба ҳисоб мераванд. Бозии "Файзканд" – "Душанбе-83" дар ноҳияи Восеъ сурат гирифт ва бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи меҳмонон хатм шуд.
"Равшан" 1–0 "Ҳулбук"
Яке аз бозиҳои ҷолиб дар даври 14-ум миёни "Равшан" ва "Ҳулбук" доир шуд. "Равшан" дар миёнаи мавсим ба даста Абдусамад Ҳоҷибоев, Ҳасан Рустамов, Наврӯз Рустамов, Рустам Ризоев, Далер Шомуродов ва Саидамири Саидаҳмадро ҷалб кард. Бо омадани ин футболбозон ҳайати дастаи шаҳри Кӯлоб боз ҳам мукамалтар ва пурқувваттар гардид, ки дар нимаи дуюми мавсим мухлисон аз "Равшан" бозии устувор ва ҷолибро интизор ҳастанд. Наврӯз Рустамов бо ягона голи задаи худ дар ин вохӯрӣ ба дастааш се имтиёз овард.
"Парвоз" 3–0 "Барқчӣ" 
Агар "Барқӣ" дар зинаҳои поёни ҷадвали Лигаи якум қарор дошта бошад, дастаи "Парвоз" кӯшиш дорад, ки ба қадри имкон ба дастаҳои пешсаф фишор оварад. Бозии аввали дастаҳо дар шаҳри Ҳисор хело ҷолибу диданӣ сурат гирифт, ки бо ҳисоби 2-2 хатм гардид. Дастаи "Парвоз" дар майдони худ дар назди мухлисонаш ҳамеша талош мекунад, ки се имтиёз ба даст оварад. "Парвоз" дар ин бозӣ ба дарвозаи "Барқчӣ" се голи беҷавоб зада пирӯз шуд.
Лигаи якум. Даври 14-ум.
"Ваҳдат" 7:0 "Дӯстӣ"
"Зарафшон" 1:3 "Эсхата"
"Равшан" 1:0 "Ҳулбук"
"Саройкамар" 4:0 "Шоҳмансур"
"Парвоз" 3:0 "Барқчӣ"
"Файзканд" 1:2 "Душанбе-83"

Next Post

Комментарии 1

Баҳодур
Баҳодур от 20 августа 2019 22:51
Э хатари вперёд 

Цитата: Баҳодур
Эсхата вперёд 



Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив