LIVE

Бундеслига аз фикраш гашт

Роҳбарони Иттиҳоди футболи Олмон ва Бундеслига нақша доштанд, ки Чемпионати кишварро идома дода, ба бозиҳо 239 нафарро роҳ диҳанд. Аммо баъдан аз ин фикри худ гаштанд ва идомаи мавсимро барои вақти номуайян боз мавқуф гузоштанд. Қаблан гуфта мешуд, ки мусобиқа бо ҳузури кормандони махсус гузаронида мешавад. Ба ин шумора футболбозон, ситоди мураббиён ва ҳайати дастаҳо на зиёда аз 8 кас шомиланд. Ба варзишгоҳ 30 рӯзноманигори нашрияҳо, 36 корманди телевизион ва 4 болбой роҳ дода мешавад. Ҳар як даста ҳуқуқ дорад, 8 нафари дигарро аз ҳайати худ ҳамчун тамошобин даъват кунад. Дар маҷмуъ 113 нафар дар майдон ҳузур дошта метавонанд. Мухлисон ба варзишгоҳ роҳ дода намешаванд. Ёдовар мешавем, ки Бундеслига дар қатори дигар мусобиқаҳо бинобар паҳншавии коронавирус мувваққатан манъ шуда буд. Масъулин ба хулосае омаданд, ки то 23-юми апрел интизор шаванд, то вазъият беҳтар гардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив