LIVE

Қарори нави ҳукуматдорони Испания дар бораи футбол

Федератсияи футболи Испания ба хулосае омад, ки рақобатҳое, ки дар моҳи март бояд баргузор мешуданд, бинобар хурӯҷи коронавирус дар ин кишвар ва фавти зиёди одамон ба муҳлати номаълум манъ шаванд. Тибқи гузоришҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Испания аз лиҳози сироятёбии беш аз 30 ҳазор нафар дар ҷаҳон зинаи сеюмро касб кардааст. Дар ҳамин раванд Ла Лига ду ҳафта қабл бинобар хурӯҷи коронавирус рақобатҳои Чемпионати Испанияро ба таъхир гузошт. Федератсияи футболи Испания ба хулосае омад, ки идомаи мавсим, ки мебоист моҳи март баргузор мешуд, ба моҳи апрел гузаронад. Роҳбарияти федератсияи ин кишвар иброз дошт, ки ҳолат дар Испания вахим аст ва мебояд тамоми мусобиқотҳо ба дигар рӯз гузаронида шаванд. Ин ҳолат Ла Лига ва ФФИ-ро водор месозад, ки ба хулосае биёянд ва барои беҳтару ба нафъи бозингарон идома додани рақобатҳо андеша кунанд. Тамоми рақобатҳои футбол дар дохили Испания тибқи қарори Ҳукумати ин кишвар боздошта шудааст. Тибқи гузоришҳои СУТ Испания бо сироятёбӣ аз коронавирус бо 30 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба зинаи сеюм баромад. Ҳатто ин вируси марговар ба футболбозон низ хатари худро расонид. Азҷумла тибқи маълумотҳо бозингари бомаҳорати дастаи Эспанйол - Ву Лея низ аз ин вирус сироят ёфтааст. Қаблан сомонаҳои интернетӣ аз фавти собиқ президенти бошгоҳи “Реал Мадрид” - Лоренсо Санс дар синни 76-сола аз коронавирус хабар дода буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив